ВУД аз мусодираи наздик ба 10 кило маводи нашъадор хабар дод
Кормандони Раёсати таҳқиқи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар пайи анҷоми чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ Искандар Раҳматшоев, сокини 51-солаи ноҳияи Рӯдакиро бо иттиҳоми даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор боздошт кардаанд.
Тавре аз ВУД ба “Озодагон” хабар доданд, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дохили пакети селофании мутаалиқ ба Раҳматшоев 5 килою 580 грамм маводи нашъадори “ҳашиш” ва 1 килою 940 грамм “афюн”, дар маҷмӯъ, 7 килою 520 грамм маводи мухаддир дарёфт ва мусодира шуд.
“Ҳамчунин, аз ҷониби кормандони Шӯъбаи умури дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор Илҳом Ҳусейнови 39-сола, сокини ноҳияи Мастчоҳ дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ як адад бастаи селофанӣ ёфт шуд, ки дохилаш 2 килою 334 грамм маводи нашъадори “ҳашиш” буд”,-афзуд манбаъ.
Аз рӯи ин далелҳо мутобиқи моддаи 200 қисми 4-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)