Ифшои 14 гуруҳи муташаккили ҷиноӣ дар соли 2013
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, соли 2013 дар кишвар 18 336 ҷиноят сабт шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 1743 ҳолат зиёд мебошад.
Абдураҳмон Бузмаков, муовини аввали вазири умури дохилии Тоҷикистон, имрӯз, 27-уми январ, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, аз ҷиноятҳои сабтшуда, 3 ҳазору 111 ҷинояти вазнин мебошад: “Аз ҷумла, куштор-112, роҳзанӣ-48, ғоратгарӣ-170, таҷовуз ба номус-51, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ-107, авбошӣ-1227, қаллобӣ-2209, дуздӣ-3624 ҳолатро ташкил медиҳад.”
Ноиби вазир таъкид намуд, ки дараҷаи ошкор сохтани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили куштор, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, роҳзанӣ, авбошӣ ва қаллобӣ беҳтар гардидааст.
Бузмаков илова кард, ки дар соли 2013, 14 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ бо аъзогии 118 нафар муайян ва дастгир карда шуд, ки дар содир намудани 91 ҷинояти махсусан вазнин, аз ҷумла ташкили гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ, бандитӣ, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, террористӣ ва ғайра даст доштанд.