ВИДЕО: Ҳимояти вазири фарҳанг аз дастури Убайдуллоев дар мавриди реп
Шамсиддин Орумбеков, вазири фарҳанги Тоҷикистон, 27 январ зимни нишасти матбуотӣ аз дастури Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар мавриди танзими муҳтавои сурудҳо дар мусофирбарҳо ҳимоят кард.
Орумбеков аз ҷумла репро мисол оварда, гуфт, ҳар чиз муҳтавои худро дорад ва ҳар он чизе, ки зидди аҳолӣ ва фарҳанг аст, бояд манъ карда шавад: “Реп танҳо дар мошинҳои мусофирбар манъ карда шудааст. Аммо он репҳоеро, ки дар мавриди ватандустӣ ва дигар мавзӯъҳои ахлоқиву тарбиявӣ суруда шудаанд, касе манъ накардааст.”
Ахиран Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, дастур додааст, дар нақлиёти мусофирбари пойтахт баландии садои мусиқӣ ва муҳтавои сурудҳо зери назорат гирифта шаванд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ Убайдуллоев қарор намудааст, ки дар ҳудуди Душанбе, аз пахши мусиқиҳои ғайритарбиявӣ, ки боиси беэҳтиромии арзишҳои миллию умумибашарӣ ва фарҳангӣ мебошанд, ҷилавгирӣ карда шавад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)