4 миллион зарари соҳаи матлубот аз сӯхтори “Саховат”
Сироҷиддин Валиев, раиси “Тоҷикматлубот”, имрӯз, 27-уми январ, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, сӯхтори бозори “Саховат” дар Кӯлоб дар ҳаҷми 4 миллион сомонӣ ба кормандони соҳа зарар расондааст.
Валиев афзуд, ки дар натиҷаи ин сӯхтор 669 соҳибкор аз ҷои кор маҳрум шуданд: “Мо барои барқарор сохтани дӯкону мағозаҳои сӯхта феълан 800 ҳазор сомонӣ ҷудо намудем ва то баҳори соли равон бозорро пурра барқарор ва ба соҳибкорон бармегардонем.”
Раиси “Тоҷикматлубот” илова намуд, айни ҳол дар майдони сохтмони бозор беш аз 400 сохтмончӣ машғули кор буда, барои барқарорсозии пурраи бозор 1 миллион сомонии дигар лозим аст.
Ин дар ҳолест, ки дар пайи сӯхтори шаби 12-уми январ дар бозори “Саховат”-и Кӯлоб 96 мағоза ва 382 нуқтаи савдо зиён дидаанд. Мақомот ваъда доданд, ки корҳои барқарорсозӣ дар бозор то иди Наврӯз пурра ба анҷом расонида мешавад.