Дар Қӯрғонтеппа меҳмонхонаи 5-ситора ба кор шурӯъ мекунад
Эмомалӣ Раҳмон аснои боздидаш аз вилояти Хатлон имрӯз вориди шаҳри Қӯрғонтеппа мегардад.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии президент нахуст дар маросими ифтитоҳи литсейи президентии кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Бохтар, бозори байналмилалӣ, кӯдакистони хусусӣ, осорхона ва китобхонаи вилоятӣ, меҳмонхонаи 5-ситора ва бинои нави мактаб дар Қӯрғонтеппа ширкат варзида, хишти аввали пойдевори бинои 15-ошёна ва мактаби навро бигузорад.
Манбаъ мегӯяд, бисёре аз иншоот ба муносибати 20-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон бунёд мешаванд ва мақомоти вилояти Хатлон гуфтаанд, барои сохтмони иншооти ҷашнӣ 28 миллион сомонӣ ихтисос ёфтааст. {jathumbnail off}