Омӯзиши таъсири тирпаронӣ ба муносибати қирғизҳо бо тоҷикон
Қирғизистон барои омӯхтани таъсири тирпаронии 11 январ ба муносибати қирғизҳо бо тоҷикони маҳаллӣ ва ё баръакс як гурӯҳи корӣ таъсис додааст. Торнамои “Tushtuk” навиштааст, ҳадафи аслии таъсис ва фаъолияти гурӯҳи мазкур ҷилавгирӣ аз задухӯрди қавмӣ мебошад.
Гурӯҳи корӣ гуфтааст, задухӯрди марзбонҳо метавонад ба муносибати мардуми қирғиз ва тоҷикони маҳаллӣ таъсири манфӣ гузорад. Ба иттилои сомонаи Туштук, ин гурӯҳ аз 22 то 25 январ бо тоҷикони маҳаллӣ, ки дар шаҳрҳои Қизил-Киё, Қадамҷой, Оқсой ва Лайлак вохӯриву суҳбатҳо анҷом додаанд.
“Тавре намояндаи Оҷонсии давлатӣ хабар дод, муносибати мардум ба тоҷикони маҳаллӣ дар сатҳи қаблӣ қарор дошта, ҳеч таъсири манфӣ ва ё фишоре эҳсос намешавад. Ҳарчанд мардуми деҳаҳои наздисарҳадӣ аз афзоиши низомиён нигаронанд”,-навиштааст Туштук.
11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонони қирғизу тоҷик дар маҳаллаи Хоҷаи Аълои Исфара тирпаронӣ сурат гирифт, ки ҳашт маҷруҳ барҷой гузошт. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон шоми 11 январ бо нашри изҳороте гуфт, ин тирпаронӣ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз оғоз ёфта, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷонашон ба онҳо ҷавоб додаанд. Вале ҷониби Қирғизистон ҳамоно барои айбдор кардани марзбонони тоҷик дар ин ҳодиса исрор дошта, сафири худ дар Душанберо низ фаро хондааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)