Варзишгарони тоҷик дар Тайланд соҳиби 4 медал шуданд
Имрўз варзишгарони тоҷик аз шаҳри Банкоки Тайланд бо натиҷаҳои назаррас ба ватан бармегарданд.
Дар ин бора аз кумитаи миллии олимпӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд. Аз 4-ум то 8-уми августи соли равон дар шаҳри Банкоки кишвари Тайланд чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи озод баргузор гардид. Дар мусобиқоти мазкур намояндагони 20 кишвари олам дар хайати зиёда аз 300 варзишгар ширкат намуданд.
Сарчашмаи хабар афзуд, варзишгари тоҷик Баҳодур Қодиров дар вазни 69 кило ҷойи якумро соҳиб гардида, медали тиллои мусобиқаро ба даст овард. Фахриддин Салимзода, дар вазни то 100 кило ҷои дуввумро касб карда ва соҳиби медали нуқра гардид. Њамчунин ду паҳлавони дигари тоҷик - Мирхолиқ Бобоев аз вилояти Суғд дар вазни то 58 кило ва Фирӯз Ёқубов аз шаҳри Душанбе дар вазни то 85 кило ҳунарнамоӣ намуда ҷойҳои сеюмро касб намуда барандаи медали биринҷӣ гардиданд.
Маврид ба ёдоварист, Баҳодур Ќодиров бори аввал музаффарияти хешро аз бозиҳои нахусти олимпӣ байни наврасон дар Сингапур ба даст оварда соҳиби медали нуқра гардида буд. {jathumbnail off}