Маҳмадуллоев: Даромади 11-моҳаи мардуми Тоҷикистон 21 миллиард аст
Нурулло Маҳмадуллоев, муовини аввали вазири меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, имрӯз, 24-уми январ, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе аз афзоиши даромади мардум, маоши миёна ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон хабар дод.
Маҳмадуллоев зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, даромади пулии мардум тайи моҳҳои январ-ноябри соли 2013 21 миллиарду 182 миллион сомониро ташкил додааст: “Музди миёнаи меҳнати кормандон дар кишвар 21,5 дарсад афзоиш ёфта, ба 682 сомонӣ баробар шуд.”
Манбаъ таъкид намуд, ки дар соли гузашта 205 ҳазору 333 ҷойи корӣ таъсис ёфтанд, ки 40 дарсадашон доимӣ ва боқимонда муваққатию мавсимӣ мебошанд. Расман ба иттилои Вазорати меҳнат дар кишвар 71 ҳазору 168 бекор ба қайд гирифта шудаанд.
Маҳмадуллоев дар маҷмуъ таъкид намуд, ки сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 38 фоизи соли 2012 ба 35,6 дарсад дар соли 2013 коҳиш ёфтааст.