ВАО ҳаҷми ҳақулзаҳмати сармураббии мунтахаби Русияро эълон кард
Фабио Капелло, сармураббии тими миллии Русия оид ба футбол тибқи шартҳои қарордоди нав бо Иттиҳоди футболи Русия дар як сол нуҳ миллион евро ҳақмузд хоҳад гирифт. Дар ин бора телевизиони “Дождь” хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, муҳлати шартномаи нав то поёни Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2018 муайян шудааст, ки онро Русия мизбонӣ хоҳад кард.
Капеллои 67-сола аз соли 2012 мунтахаби Русияро тамрин медиҳад. Зери раҳбарии мутахассиси итолиёвӣ футболбозони рус дар МҚҶ-2014 (Бразилия) бозӣ мекунанд.
Муҳлати шартномаи пешини Иттиҳоди футболи Русия бо Капелло то моҳи июли соли 2014 муқаррар шуда буд.