U-21: Тоҷикистон-Эстония 2:2
Дидори мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) бо яккачини Эстония мусовӣ - 2:2 анҷом ёфт.
Қисмати аввали бозӣ 1:0 ба фоидаи тими Эстония анҷом шуд. Дар дақиқаи 48 Фирӯз Раҳматов ҳисобро баробар сохт. Ҷавонони Эстония тавонистанд, ки як голи дигарро вориди дарвозаи футболбозони тоҷик намоянд. Дар дақиқаи 90+1 Абдурасул Раҳмонов дубора ҳисобро баробар намуд.
Ин дидор дар доираи сабқати Ҷоми Иттиҳод ҷараён гирифт. Тоҷикистон шомили гуруҳи “А” буда, Эстония, Украина ва Қирғизистон рақибонаш ҳастанд. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар дидори навбатии худ, фардо, 25 январ бо Қирғизистон ва 27 январ бо Украина вориди рақобат мешавад.
Ҷоми Иттиҳод-2014 имрӯз оғоз шуд ва то 2 феврал дар Санкт-Петербург идома мекунад.