Ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ ва баҳси Амонуллозода бо Эшони Нуриддинҷон
Се рӯз пештар дар Ютуб (YouTube) наворе бо номи “Ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ” гузошта шудааст, ки ин шабу рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Одноклассники, “сайр” дорад ва мавриди баҳси зиёди корбарон қарор гирифтааст. Ин намози ҷаноза ду ҳафтаи қабл дар маҳалли “Оли Совет”-и ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шудааст.
Асли баҳс сари ин аст, ки наздикони Ҳоҷӣ Қурбоналӣ аз рӯи васияти падарашон барои гузоштани намози ҷаноза Эшони Нуриддинҷон, яке аз рӯҳониёни шинохтаи кишварро, даъват кардаанд. Вале Ҷамолиддин Амонуллозода, ки гуфта мешавад писари муфтии собиқи Тоҷикистон будааст, монеи пеш гузаштани ӯ мегардад ва мегӯяд, “Ҳазрати Эшон, ин ноҳия соҳиб дорад. Дар куҷое аз ноҳияи Рӯдакӣ намози ҷаноза аст, касеро намемонам, худам мехонам.”
Амонуллозода дар идома таъкид мекунад, ки Ҳоҷӣ Қурбоналӣ муриди падараш буд ва ӯ намегузорад, каси дигаре дар намози ҷанозаи ӯ пеш бигузарад. Ҳарчанд Ҷамолиддин Амонуллозода Эшони Нуриддинҷонро барои “фитнаандозӣ” муттаҳам мекунад, ӯ танҳо бо изҳори “астағфуриллоҳ” қаноат варзидааст.
Дар ин намози ҷаноза, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва бархе аз муовинонаш низ ҳузур доштанд, ҳамроҳи Эшони Нуриддин ба гӯшае рафта менишинанд, то баҳси кӣ пеш гузаштан дар намози ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ ба поён бирасад. Дар ин навори видеоӣ, ки 18 дақиқа тӯл дорад, дида мешавад, баъзе аз ҷамъомадагон аз ҳузури Ҷамолиддин Амонуллозода, имомхатиби масҷиди Ҳазрати Маволонои ноҳияи Рӯдакӣ норизоӣ карда, борҳо хоҳиш мекунанд, то бигузорад, Эшони Нуриддинҷон ҳамин намози ҷанозаро адо кунад. Ҳатто яке аз наздикони Ҳоҷӣ Қурбоналӣ бо садои баланд мегӯяд, ки “ин майит аз они мост ва мо касеро хоҳем, намози ҷанозаро мехонад”.
Ин видео дар ҳоле сабт ва ин навор дар ҳоле ба майдони баҳс кашида шудааст, ки Эшони Нуриддинҷон тайи се соли охир мавъиза ироа намекунад ва аз имомхатибии масҷиди “Муҳаммадия” низ барканор шудааст. Дар гузашта ин рӯҳонии шинохта қабл аз ҳар намози ҷумъа амри маъруф мекард ва диски сӯҳбатҳои ӯ аз ҷумлаи серхаридортаринҳо буд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)