Бишкек аз тирпарронии нав дар марз хабар дод
Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, имрӯз, 23-юми январ бо пахши як иттилоия аз даргирии нави мусаллаҳона дар марз хабар додааст.
Ба иттилои ин ниҳод тирпарронӣ миёни марзбонони минтақаи Исиқ-кӯл ва афроди номаълум 23-юми январ сурат гирифтааст: “Тибқи иттилои гирифтаи марзбонон афроди номаълум корманди хоҷагии шикорро кушта, милтиқашро гирифтаанд.”
Манбаъ афзуд, ки вақте ҳайати марзбонон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, ҳадафи тирпарронии афроди номаълум қарор гирифтанд: “Зимни даргирӣ ду нафари вайронкунандаи қонун кушта шудаанд. Феълан ин гуруҳи қонуншикан иҳота шудааст.”
Ин дар ҳолест, ки қаблан марзбонони қирғиз бо ҳамтоёни тоҷикашон вориди даргирии мусаллаҳона шуданд, ки дар натиҷа ҳудуди 8 нафар ҷароҳат бардоштанд.