Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар Душанбе вазири коммуникатсияи ҷумҳурии исломии Покистон доктор Арбоб Оламгир Хонро ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорати корҳои хориҷа зимни мулоқот оид ба масъалаҳои густариши муносибатҳои байни Тоҷикистону Покистон табодули назар гардид. Аснои баррасии масъалаҳо қайд шуд, ки ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Покистон дар бахшҳои савдо, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия бомуваффақият тавсеа меёбанд.
Ёдрас менамоем, дар доираи сафари кории вазири коммуникатсияи Покистон, ҳамчунин вохӯриҳои ӯ бо дигар шахсони расмии ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.{jathumbnail off}