Тибқи иттилои сарчашма 80 дарсади беморон дар давлатҳои пасошӯравӣ нерӯи кориро ташкил дода, 75 фисади он ҷавонони то сини 30 сола мебошанд.
Тоҷикистон низ дар радифи дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз давлатҳое ба шумор меравад, ки ҳолатҳои сироятёбӣ ба ин беморӣ ҳамоно вуҷуд дорад.
Дар Тоҷикистон то имрӯз теъдоди сироятёфтагони ВНМБ расман 3 ҳазору 500 нафаррро ташкил медиҳад. Дар ин бора Рухшона Ашӯрова, масъули маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемории вируси норасоии масъунияти бадан зимни баргузории семинарии омӯзишӣ «Оид ба профилактикаи вируси норасоии масъунияти бадан дар бахши меҳнат», ки аз 11-ум то 13-уми май дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, таъкид намуд.
Ҳадаф аз баргузории давраи омӯзиширо номбурда дар бехатарии ҷойи корӣ ва эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз сироятёбӣ ба ин беморӣ ва табъиз нашудани онҳо арзёбӣ намуд. Рухшона Ашӯрова мегӯяд, ҳарчанд аксари беморон бо роҳи алоқаи ҷинсӣ, тамоси хунӣ ва аз модар ба кӯдак сироят ёфтаанд, аммо хатари олуда гардидан ба ин вирус дар дигар ҷойҳои корӣ: сохтмонҳо, дар кошонаҳои ҳусн ва муассисаҳои тиббӣ вуҷуд дорад. Мушоҳида мешавад, ки иддае аз беморони вируси норасоии масъунияти бадан ҳангоми ороиши мӯй, нохун ва ё пӯст сироят ёфтаанд. Аз ин хотир, иштирокдорони давраи омӯзишӣ, яъне масъулини ниҳодҳои марбут бар зидди ин беморӣ талош доранд, то таваҷҷӯҳи корфармоёнро барои фаро овардани ҷой ва фазои кории бехатар ҷалб намоянд, мегӯяд Рухшона Ашӯрова.
Тоҷикистон низ аз СПИД эмин нест
Ҳамоҳангсози барномаҳои Созмони ҷаҳонии меҳнат дар Тоҷикистон, Собир Аминов мегӯяд, ки агар то ба ҳол дар мавриди муаяйн кардани макони сироятёбӣ ба бемории вируси норасоии масъунияти бадан дар Тоҷикистон пажӯҳише анҷом наёфта бошад ҳам, аммо ин мавзӯъ бегона нест.
-Тақрибан даҳ сол қабл дар Тоҷикистон маризони вируси норасоии масъунияти баданро пайдо кардан имконнопазир буд. Аммо, чун зуҳури бемории ВНМБ дар қаламрави дигар кишварҳо ба қайд гирифта шуд, Точикистон низ аз он эмин намонд. Дар тамоми давлатҳои дунё беморони вируси норасоии масъунияти бадан ба сар бурда, теъдоди онҳо сол то сол зиёд мешавад. Тибқи омори ҷаҳонӣ 40 млн нафари ба ин вирус олуда, қаблан дар бахшҳои гуногуни иқтисодии ҷомеа фаъолият доштанд. Аз ҳамин сабаб, аз эҳтимол дур нест, ки дар оянда баъзе аз шаҳрвандон зимни ифои вазифа дар макони мухталиф ба вируси норасоии масъунияти бадан сироят ёбанд, изҳор дошт ҳамоҳангсози барномаҳои созмони ҷаҳонии меҳнат дар Тоҷикистон.
Феълан, масъулини мақомоти марбутаи Тоҷикистон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ тасмим гирифтаанд, атрофи мавзӯи бехатарии ҷойи корро барои шаҳрвандон ба баррасӣ бигиранд. Вай мегӯяд, ки масъалаи ба баҳс гирифта шуда, танҳо дар асоси ҳамкории муштараки се ҷониба, вазорати меҳнат, иттифоқи корфармоён ва иттифоқи касаба метавонад натиҷаи мусбат диҳад.
Ба маълумоти Собир Аминов дар Тоҷикистон ҳолатаҳое ба мушоҳида нарасидааст, ки беморони ВНМБ-ро пас аз ошкор гардидани маризиашон аз кор хориҷ ва ё бо ҷойи кор қабул накарда бошанд.
Аммо Севара Комилова, раҳбари маркази «Гули сурх» мегӯяд, ки ҳарчанд дар ин маврид оморе вуҷуд надорад, вале дар Тоҷикистон ҳолатҳои аз сабаби ВИЧ-сироятёфта будан, бо ҷойи кор таъмин нашудани шаҳрвандон кам нестанд. Албатта, корфармоён иллати аслиро ошкор накарда, бо баҳонаҳои мухталиф бемори ВНМБ-ро ба кор намегиранд ва ё аз кор «пеш» мекунанд ва сабаби аслиро номбурда дар ҳароси мардум аз ин беморӣ медонад.
Раҳбари созмони «Гули сурх», ки аз баргузории давраи омӯзиш бехабар буд, мегӯяд, ки аслан бо ин масъала бештар бояд ниҳодҳои давлатӣ кор бигаранд. Зеро имконияти ташкилоти хусусӣ маҳдуд буда, имкони бо ҷойи кор таъмин кардани шаҳрвандонро надорад. Ба гуфтаи номбурда, ба ташкилоти хусусӣ шаҳрвандон бештар барои гирифтани хидматраоснии иҷтимоӣ ва тиббӣ мераванд.
Гуфта мешавад, бо пайдо гардидани бемории ВНМБ дар Тоҷикистон фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ бо кӯмаки молии хориҷӣ низ якбора роиҷ шуд. Ҳамакнун теъдоди созмону ниҳодҳои ғайридавлатие, ки ҳадафи фаъолияташон расонидани кӯмаки маънавӣ, ҳуқуқӣ ва молӣ ба сироятёфтагони бемории ВНМБ арзёбӣ шудааст, 20- ададро ташкил медиҳад.
Гурӯҳе аз таҳлилгарон бар ин назаранд, ки фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ дар қиёс бо муассисаҳои давлатӣ муассиртар ва шаҳрвандони сироятёфта низ дари ин ниҳодҳоро бештар мекӯбанд. Аммо қисме аз шаҳрвандон фаъолияти чунин ташкилотро ғайри қобили қабул мешуморанд ва ҳадафи фаъолияти онҳоро дар «обулой» кардани маболиғу латна задан ба фарҳанги тоҷикӣ медонанд.
Рухшона Ашӯрова, масъули маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемории ВНМБ мегӯяд, ки барои фаро овардани фазои кории бехатар ва коҳиш додани мизони сироятёбӣ ба ин беморӣ якчанд восита мавҷуд аст. Паҳн кардани варақаву овезаҳо, махфӣ эълон кардани ташхиси тиббиву ройгон тақсим намудани рифола аз ҷумлаи онҳост.
СПИД бофтаи хаёли аҷнабиён аст!
Савфат Бурҳонов, хабарнигори тоҷик, ки бештар зуҳур ва табобати бемориҳои гуногунро барои тоҷикон «бегона» медонад, дар сӯҳбат ба «Озодагон» мавҷудияти ин бемориро низ зери суол бурд.
-Ба андешаи ман бемории ВНМБ вуҷуд надорад. Ин як бофтаи хаёли хориҷиҳо барои манфиати худашон аст. Чунин «манфиат»-ҳо танҳо ба хотири нобуд сохтани фарҳангу муқаддасоти дигар миллатҳо аз сар гирифта мешаванд.
Номбурда дар идома гуфт, ки чӣ гуна масъулони марбутаи давлатӣ метавонанд, миёни ҷавонону наврасони тоҷик дар мавриди паҳн кардани рифола таблиғот гузаронанд, вақте ин хилофи арзишу фарҳангҳои тоҷикист.
-Миллату давлатро имрӯза масъулони давлатӣ насохтаанд. Пас, барои зери по кардани арзишу муқаддасот низ бар ивази пули ночиз набояд таблиғот гузаронанд. Набояд бар ивази пул ба ҳар як хориҷӣ иҷозат диҳанд, то ҳамон «фарҳанги паст»-ро миёни фарзандони миллати тоҷик тарғиб кунанд. Бигузор «пул» кор кунанд, касе зид нест. Роҳҳои ҳавоӣ, заминӣ, обро пулакӣ бикунанд, аммо иҷозат додан барои бемаданиятӣ ин аллакай ғайри қобили қабул аст. Миллати бузургро ба ин дараҷа хор кардан мумкин нест.
Омор оинаи вақт
Маврид ба ёдоварист, чанде қабл маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон барои омӯзиши сатҳи дониш, рафтор, муносибат ва таҷриба миёни шаҳрвандони синни 15-49 сола оид ба бемории ВНМБ дар кишвар як назарсанҷӣ гузаронд, ки он 2000 нафарро фаро гирифта буд.
Бино бар пажӯҳиши ин марказ муносибати мусоҳибон нисбати мавҷудияти ҳуқуқпоймолкунӣ дар ҷои кор тағйир наёфта, 48 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки мубталоёни ин беморӣ бояд аз кор ронда шаванд.
Ба бовари 47 фисади дигар онҳо бо ҳамсинф, рафиқ, ҳамкурс ва ҳамкор риштаи муносибатро мекананд. Ҳамзамон 65 дарсади пурсидашугдагон гуфтаанд, ки нисбат ба нашъамандон, расонандагони хидматҳои шаҳвонӣ ва ҳамҷинсгароён, ки яке аз сарчашмаи аслии паҳгн гардидани ин беморӣ дониста мешаванд, бо нафрат муносибат менамоянд.
Рухшона Ашӯрова, масъули маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемории ВНМБ гуфт, иштирокдорони ҳамоиш тасмим доранд то дар натиҷаи давраи омӯзишӣ таъкиду пешниҳодоти худро роҷеъ ба ин беморӣ ба парлумони Тоҷикистон равона созанд. Ҳадаф аз ин тасмимро номбурда, дар муборизаи масъулин ҷиҳати аз байн бурдани тамғазанӣ ва хушунат нисбати мубталоёни ВНМБ дар сатҳи қонунӣ арзёбӣ намуд.{jathumbnail off}
Ҳумайрои Бахтиёр