Ҳасани Руҳониро ба Туркманистон даъват кардаанд
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон бо ирсоли даъватномае унвонии ҳамтои эронияш - Ҳасани Руҳонӣ ӯро ба Туркманистон даъват кардааст.
Дар иттилоияи ҳукумати Туркманистон гуфта мешавад, ки Бердимуҳаммадов аз Руҳонӣ хоста ҳар фурсати барояш мувофиқ бо сафари расмӣ ташриф биёрад.
Даъватномаи мазкур ҳангоми мулоқоти Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф тақдим шудааст. “Санаи боздиди раисҷумҳури Эрон ба Туркманистон баъди тавофуқи дуҷониба муайян мегардад”,-омадааст дар иттилоия.