Оғози нишасти Хадамоти гумрук бе ҳузури Рустами Эмомалӣ
Нишасти матбуотии солонаи Хадамоти гумруки Тоҷикистон, имрӯз, 23-юми январ бе ҳузури Рустами Эмомалӣ, раиси навтаъини ин ниҳод оғоз шуд.
Тавре хабарнигори “Озодагон” аз ин нишаст иттилоъ медиҳад, Рустами Эмомалӣ, писари 26-солаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки охири соли гузашта аз ҷониби падараш раиси Хадамоти гумруки кишвар таъин гардид, барои суҳбат бо хабарнигорон ҳозир нашуд.
Ба ҷои ӯ Неъматҷон Раҳматов, муовини аввали раиси Хадамоти гумрук аз фаъолияти солонаи Хадамоти гумрук феълан гузориш дода истодааст. Ӯ аз ҷумла таъкид кард, ки тайи соли гузашта Тоҷикистон бо беш аз 100 кишвари ҷаҳон додугирифт дошта, тиҷорати хориҷии кишвар дар соли 2013 5 миллиарду 301 миллион доллари амрикоиро ташкил намуд, ки нисбати соли 2012 161,2 миллион доллар зиёдтар мебошад.
Ба иттилои Хадамоти гумрук аз маблағи умумии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 4 миллиарду 129,4 миллион доллар воридот ва 1 миллиарду 172 миллион доллар содирот мебошад, ки мувофиқан воридот 9,1 фоиз зиёд ва содирот 13,5 фоиз кам гаштааст.