Мавсими нави мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон моҳи апрел шурӯъ мегардад
Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон – 2014 панҷуми апрел шурӯъ мегардад. Ин нукта дар ҷаласаи Лигаи миллии футболи кишвар, ки бо ширкати роҳбарону сармураббиёни дастаҳои лигаи олӣ сурат пазируфт, таъкид шуд.
Дар ҷаласа тасмим гирифта шуд, ки клубҳои футбол маблағи дархост барои ширкат дар чемпионатро то 3 март ба хазинаи Федератсияи футболи Тоҷикистон пардохт намоянд. Ҳаҷми ин маблағ мисли соли пеш 40 ҳазор сомонӣ муқаррар гардид.
Дар мусобиқаи имсола ҳам иштироки 10 даста дар назар аст.
Тибқи дастури чемпионат, клуби “Истаравшан”, ки дар мақоми охири лигаи олӣ қарор гирифт, онро тарк мекунад. Ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни бошгоҳҳои лигаи аввал - “Саройкамар”-и Панҷ ва барандаи ҷоизаи нуқраи мусобиқа – “Эсхата”-и Хуҷанд аз ширкат дар мусобиқаи лигаи олӣ - 2014 даст кашиданд. Дастаи “Далерон-Ӯротеппа”, барандаи ҷоизаи биринҷии мусобиқаи соли 2013 миёни дастаҳои лигаи аввал, хоҳиши иштирок дар мусобиқаи лигаи олиро кардааст. Тасмим гирифта шуд, ки “Далерон-Ӯротеппа” баъди аз санҷиши литсензионӣ гузаштан ҳаққи ширкат дар мусобиқаи лигаи олӣ-2014-ро дарёфт мекунад.
Кумитаи иҷроияи ФФТ ба ин натиҷа расида, ки ҳақмузди доварону нозирони бозиҳои лигаи олиро дар қиёс ба соли гузашта 60 дар сад бештар кунад. Акнун, сардовар 920 сомонӣ, доварони марзи майдон ҳар кадом 690 сомонӣ, довари эҳтиётӣ 350 сомонӣ, нозири бозӣ 800 сомонӣ мегиранд ва аз ин маблағ 13 дар садашро андоз месупоранд. Маблағи ҳаққи аъзогии як нафар узви бошгоҳи лигаи олӣ 100 сомонӣ барои ҳайатҳои асосӣ ва 50 сомонӣ барои ҳайатҳои ҷавонон мебошад.