Воҳидова ба "Тоҷирон" 30 ҳазор сомонӣ ҷарима супорид
Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси варзидаи тоҷик 30 ҳазор сомониеро, ки дар пайи як баҳси додгоҳӣ бо ширкати “Тоҷирон” ба пардохти он муваззаф шуда буд, супоридааст.
Хонум Воҳидова дар саҳифаи шахсияш дар Фейсбук дар ин бора хабар дода, аз сокинони кишвар ва гурӯҳи ташаббускори “Сипар” арзи миннатдорӣ кардааст. Ба гуфтаи Воҳидова, бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз хориҷ ва дохил дар якҷоякӣ бо гуруҳи ташаббускори “Сипар” бо хоҳиши худ дар пардохти ин “ҷарима” ба ӯ кӯмак кардаанд.
Ин ҳуқуқшиноси варзидаи кишвар гуфтааст, бори дигар исбот шуд, ки миллати тоҷик чӣ дар дохил бошад ва чӣ дар хориҷ муттаҳид шуда метавонад ва барои кӯмаки ҳар як ҳамватани худ ҳамеша омодааст: “Воқеан эҳсос кардам, ки мо тоҷикон ба ҳам дӯсту пайвандем ва дар мушкилӣ дасти ҳам мегирем.”
Ширкати “Тоҷирон” бо ирсоли як нома ба унвони Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқдони маъруфи тоҷик, рӯзи 9 январи соли ҷорӣ пардохти 30 ҳазор сомониро талаб кардааст. Дар ҳамин ҳол, Воҳидова гуфта буд, азбаски дар Тоҷикистон адолати додгоҳӣ дида намешавад, бахусус дар баҳсе, ки як тарафи он наздикону пайвандони шахси аввали кишвар қарор доранд, аз идомаи мубориза барои бекор кардани ҳалномаи Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе даст хоҳад кашид: “Дигар чорае нест, қарори додгоҳро бояд иҷро кард.”
Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе 19 июли соли гузашта ба баҳси додгоҳии Ширкати Тоҷирон бо рӯзномаи “ИмрӯзНюз” ва Файзиннисо Воҳидова нуқта гузошта, ин қазияро ба манфиати Тоҷирон, ки гуфта мешавад, ба наздикони раисиҷумҳури Тоҷикистон марбут аст, ҳал кард. Тибқи ҳалномаи ин додгоҳ ҳуқуқшиноси тоҷик барои пардохти 30 ҳазор сомонӣ ба ширкати “Тоҷирон” муваззаф шуда буд.
Эътирози масъулони “Тоҷирон” аз нашри матлабе бо номи "Мурдафурӯшӣ дар ширкати "Тоҷирон" (ИмрӯзНюз) аст, ки аз ҳодисаи садамаи автомашинаи боркашонии ин ширкат ва автомашинаи сабукрав дар роҳи Душанбе-Хуҷанд нақл мекунад. “Тоҷирон” дар додгоҳ даъво кард, ки матлаб шаъну шарафашро паст задааст.