Баҳси марзии Бишкеку Душанбе бо ҳузури аъзои ҳукумат
Парлумони Қирғизистон 30 январи соли ҷорӣ дар ҳузури аъзои ҳукумат баҳси марзӣ миёни ин кишвар бо Тоҷикистонро ба баррасӣ хоҳад гирифт. Дар ин бора спикери Жогорку Кенеш Асилбек Ҷээнбеков дар ҷаласаи ахири парлумон хабар дода ва гуфт, “аъзои ҳукумати Қирғизистон ба саволҳои вакилон посух мегӯянд”.
Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту бас. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат мегиранд ва тирпарронии 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонҳои ду кишвар мояи муттаҳамсозии тарафайн шудааст.]