Кабирӣ: Узр напурсидаам ва чунин ният ҳам надорам
Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хабарҳоро дар мавриди узрпурсияш аз шаҳрдории Душанбе рад карда гуфт, то ҳол узр нахостааст ва чунин ният ҳам надорад.
Кабирӣ, имрӯз, 22-юми январ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ки мавқеи худро иваз накардаст ва намедонад, ки чаро масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар додаанд, ки гӯиё ӯ аз шаҳрдорӣ нияти узрхоҳӣ дорад.
Маврид ба зикр аст, ки соли сипаришуда ҳукумати Душанбе ба додгоҳ шикоят бурда, талаб намуд, ки Муҳиддин Кабирӣ барои суханони "носазо" дар бораи вазъи экологии пойтахт, аз шаҳрдорӣ маъзаратхоҳӣ кунад. Асоси даъвои шаҳрдорӣ як матлабе, таҳти унвони “10 сол пас Душанбе урён мешавад” буд, ки дар он Муҳиддин Кабирӣ аз дарахтбурӣ дар хиёбонҳои пойтахт изҳори ташвиш мекард. Додгоҳи Исмоили Сомонӣ 29-уми январи соли гузашта қарор кард, ки бояд барои суханҳояш дар бораи вазъи экологии Душанбе, раҳбари ҲНИТ аз тариқи васоити ахбори умумии кишвар, аз шаҳрдорӣ узрхоҳӣ намояд.
Ин дар ҳолест, ки Муҳиддин Кабирӣ далелҳои пешниҳоднамудаи шаҳрдориро беасос хонда гуфта буд: “Вақте навори баромадро бо стенограмма дар Маҷлиси Олӣ баррасӣ намудаанд, ба хулоса омаданд, ки ягон қонунвайронкунӣ нест.” Муҳиддин Кабирӣ таъкид намуд, ки ба ҳеч ваҷҳ барои гуфтани мавқеъи худ узр нахоҳад пурсид.