Бар асари сониҳа як кас ҳалок шуда, се тани дигар наҷот ёфтанд
Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ 3 нафар ҷон ба саломат бурда, чорумӣ дар рӯдхонаи Фондарё ғарқ шудааст.
Тавре ба «Озодагон» дар РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд, рӯзи гузашта ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс , сокини 23-солаи ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, Мӯҳриддин Раҳмонов, аснои ҳаракат бо роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок дар километри 131-ум, ҷамоати Петеи ноҳияи Айнӣ аз ӯҳдаи идораи автомашина баромада натавониста, аз роҳ баромада ба оби Фон чаппа шудааст.Зимнан, аз ин сониҳа сокини 40-солаи нохияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мақсуд Ҷунайдуллоев ва Сӯҳроб Маҷидов аз дохили оби дарё наҷот ёфтаанд.
«Мусофири дигари нақлиёт, сокини 44-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Абдуҷалил Шеров ғарк шудааст. Чораҳо барои дарёфт намудани ҷасади ӯ андешида шуда истодаанд»- афзуд манбаъ.{jathumbnail off}