Давронов дар бораи хориҷшавӣ аз донишгоҳ, тарки футбол ва духтари дӯстдошта
Нуриддин Давронов, футболбози 23-солаи дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, ки таҷрибаи бозӣ аз номи тимҳои маъруфи хориҷиро низ дорад, дар як суҳбати кӯтоҳ бо “Озодагон” дар бораи ҳаёти шахсӣ, зиндагии феълӣ ва нақшаҳои ояндааш суҳбат кард. Ӯ аз ҷумла далелҳои хориҷ шуданашро аз Донишгоҳи славянӣ шарҳ дода, афзуд, ки ҳоло ҷойи дӯстдухтараш холист. Дар оғози суҳбат нахуст мо аз ин футболбози маъруфи тоҷик суол кардем, ки оё буданд, ҳолатҳое, ки ӯ аз машғул шудан ба бозии футбол пушаймон шудаю қасди тарки ин бозиро кардааст?
Давронов: Ин хеле барвақт дар синни дувоздаҳсолагиям буд, ки хостам умуман аз футбол дур шавам. Дар он замон, ки иродаи ман заифӣ карду майли шикастанро дошт, падару модарам маро дастгирӣ намуданд. Пуштибонии волидайн боис шуд, ки ман фаъолиятамро дар майдони футбол давом додам. Ба шарофати волидайн ман дар ин бозӣ ба дастовардҳое шудам.
«Озодагон»: Баробари футбол шуғли дигар доред, ягон ҷо таҳсил мекунед?
Давронов: Бале, ҳоло дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи ҳуқуқшиносӣ дар курси якум таҳсил мекунам. Таҳсили ман ба таври ғоибона гузашта истодааст.
«Озодагон»: Замоне Шумо дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия таҳсил мекардед. Чӣ сабаб, шуд, ки таҳсилатонро дар ин Донишгоҳ ба охир нарасондед?
Давронов: Воқеан, ман пас аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи славянӣ, факултаи робитаҳои байналхалқӣ, шуъбаи таърих дохил шудам. Аммо аз сабаби машқҳои зиёд натавонистам мунтазам дар дарсҳо иштирок кунам ва ин боис гардид, ки маро аз ин донишгоҳ хориҷ карданд.
«Озодагон»: Шумо, ки аз номи тимҳои зиёд баромад кардаед, кадомаш барои Шумо хотирмон буд?
Давронов: Фаъолияти ман аз тими «Истиқлол» сар шуда, пас аз он дар тими футболи «Минск»-и Белорусия бозӣ кардам. Баъдан дар “Локомотив”-и Москва, Бундес лигаи Олмон давоми 3 моҳ, сипас бо тими «Слобода»-и Сербия барои 2 сол шартнома баста будам. Вале аз сабаби бад будани шароити молӣ ман шартномаро бо онҳо қатъ карда, ба “Истиқлол” баргаштам. Тӯли ин вақт бисёр чизҳое буд, ки мехостам дар тимҳои берун аз Тоҷикистон нишон диҳам, аммо имкон набуд. Ҳатман ман малакаи футболбозиямро такмил медиҳам ва дар оянда берун аз Ватан тавоноии худро нишон медиҳам.
«Озодагон»: Феълан аз бозигарони сатҳи ҷаҳонӣ киро бисёртар меписандед?
Давронов: Ба ман бозии нимҳимоятгар, Яя Туре аз тими «Манчестер Ситӣ» писанд аст. Фикр мекунам Туре аз Криштиану Роналду дида хубтар бозӣ мекунад. Аммо бо интихоби бештари одамон намешавад норозӣ буд.
«Озодагон»: Ҳаёти шахсиатон чӣ гуна сурат гирифта истодааст?
Давронов: Феълан ман дӯстдухтар надорам.