Бишкек ниҳоят иҷозат дод, ки 37 тоҷик вориди Қирғизистон шаванд
Ҳудуди 37 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳи Манас дармонда буданд, ниҳоят баъди тафтишот иҷозат гирифтаанд, ки вориди Қирғизистон шаванд.
Дар ин бора худи мусофирони тоҷик ба хабаргузории "Озодагон" иттилоъ доданд. Қаблан як манбаъ аз фурудгоҳи "Манас" иттилоъ дод, ки 37 шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳ дармонда, наметавонанд иҷозаи вуруд ба Қирғизистонро дарёфт кунанд.
Манбаъ омилҳои сар задани ин ҳолатро шарҳ дода натавонист, вале афзуд, ки ин амал бо дастури Хадамоти марзбонӣ амалӣ шуда истодааст. Дар Хадамоти марзбонии Қирғизистон ваъда доданд, ки ба зудӣ вазъи баамаломадаро шарҳ хоҳанд дод.
Ин дар ҳолест, ки 11-уми январ миёни марзбонони қирғизу тоҷик дар ҳудуди ноҳияи Исфара тирпарронӣ сар зада, муносиботи ду кишварро шиддат бахшид.