АКС: Қатъи фаъолияти зараровари Маркази навбунёди Душанбе?
Маркази барқу гармидиҳии 2-и Душанбе, ки 10-уми январ бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон расман марҳилаи якуми он, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, аз фаъолият бозмондааст.
Инро масъулини Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон таъйид намуда, таъкид карданд, ки феълан баъди барқарорсозии дастгоҳҳои тозакунандаи дуду чанг Марказ дубора фаъол шудааст.
Аммо хабарнигори “Озодагон” зимни боздид аз Маркази гарму барқдиҳии дуюми Душанбе дарёфт, ки Марказ ҳоло фаъол нест ва инро сохтмончиён ва муҳофизони Марказ низ тасдиқ карданд. Як сохтмончии ин Марказ бо ишора ба қубурҳои ҳанӯз насбнашуда ба “Озодагон” гуфт, “Марказро президент кушод, лекин ягон кас аз он оби гарм нагирифта истодааст. Ина қубурҳоро бинед, ки ҳоло насб нашудаанд. Қубурҳо, ки гузаронида шуд баъд ба хонаҳо об медиҳанд.” Аз роҳбарияти Марказ касе ҳозир нашуд, ки дар бораи фаъолияташон бо “Озодагон” суҳбат кунанд.
Дар ҳамин ҳол танзимгари Муассисаи таъмини гармӣ дар Душанбе низ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, аз Маркази дуюм феълан гармӣ нагирифта истодаанд.
Ин дар ҳолест, ки ҳамагӣ чанд лаҳзаи аввали фаъолияти ин Марказ норозигии бархе аз сокинони гирду атрофи онро ба бор овард ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳои чанги ангишти ин Марказ нашр шуданд.
Ҷалил Халилов, сардори шӯъбаи экспертизаи давлатии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон низ, имрӯз, 22-юми январ, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки Маркази гармидиҳии дуюм ба экологияи пойтахт бетаъсир буда наметавонад.
Ҷалил Халилов гуфт, ки гуруҳи кории Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар якҷоягӣ бо раёсати шаҳрӣ аз рафти фаъолияти маркази барқу гармидиҳии Душанбе ва ҳудуди таъсирнокии он мониторинг хоҳанд кард: “Ҳар корхонае кор мекунад, ҳатман бетаъсир нест. Агар мо ҳама партовҳои газу дудро безарар гардонем, таъсири манфӣ камтар мешавад.”
Халилов таъкид намуд, ки аз сабаби номаълум будани ҳудуди таъсири манфии Маркази мазкур, он пурра ба истифода дода нашудааст.
Аммо Эмомалӣ Раҳмон, зимни ифтитоҳи Марказ қайд намуда буд, ки дар ин марказ бо истифода аз техникиву технологияи муосир барои безараргардонии партов, яъне меъёрҳои замонавии экологӣ ҳамаи тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, қаблан дуди ангишт аз полоиши барқӣ ё электрофилтр гузаронида мешавад ва баъдан тавассути дастгоҳи махсус поксозӣ шуда, 99,8 фоиз безарар гардонида мешавад, ки ин нишондиҳанда ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқат менамояд.
Созишнома дар бораи бунёди Марказ соли 2012 миёни Тоҷикистону Чин баста шуда, сохтмони он моҳи ноябри соли 2012 бо арзиши лоиҳавии 870 миллион сомонӣ оғоз гардид ва моҳи равон навбати аввали он ба истифода супорида шуд.
Маркази барқу гармидиҳӣ аз ду дегхонаи энергетикии дорои иқтидори умумии беш аз 100 мегаватт ё худ қариб дуюним миллион киловатт-соат нерӯи барқ дар як шабонарӯз иборат буда, фаъолияти он бо истифодаи ангишти маҳаллӣ дар назар аст. Аммо экологҳо аз аввал зидди ин Марказ баромад намуда, онро барои муҳити зисти пойтахти Тоҷикистон зараровар арзёбӣ карда буданд.