Боздиди Қоҳир Расулзода аз бозори сӯхтаи "Саховат"
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, аз вилояти Хатлон боздид карда, бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Восеъ ва шаҳри Кӯлоб шинос шудааст.
Ба иттили манбаъ дар доираи ин боздид, ки аввали ҳафтаи равон сурат гирифт, Қоҳир Расулзода аз бозори сӯхтаи «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб боздид намуд, барои вусъати корҳои барқарорсозию навсозии он дастур додааст.
Қаблан мақомоти вилояти Хатлон изҳор доштанд, ки сӯхтори шаби 12-уми январ дар бозори “Саховат”-и шаҳр ба 668 соҳибкор дар ҳаҷми 2,8 миллион сомонӣ зарар расондааст. Аз ҷумла Суҳробшои Фаррухшо, сухангӯи ҳукумати Хатлон ба “Озодагон” гуфт, дар пайи сухтор 96 мағоза ва 382 нуқтаи савдо зиён дидаанд. Мақомот ваъда доданд, ки корҳои барқарорсозӣ дар бозор то иди Наврӯз пурра ба анҷом расонида мешавад.