Авиатсияи Ҳиндустон бозомӯзии мутахассисони тоҷикро ба роҳ монд
Академияи авиатсияи граждании Ҳиндустон барои бозомӯзии кормандони соҳаи авиатсия курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил кард.
Тавре ба «Озодагон» аз маркази матбуоти фурудгоҳи байналмилалӣ хабар доданд, ин чорабинӣ дар доираи барномаҳои ташкилоти байналхалқии авиатсионӣ (ИКАО) дар чорчӯби «Идора кардани ҳамлу нақл» сурат пазируфт. Манучеҳр Сафаров, сардори шӯъбаи ҳуқуқи фурудгоҳи Душанбе, яке аз иштирокдорони курси таълимӣ иброз дошт, ки дарсҳои назариявӣ дар таълимгоҳи академияи авиатсионӣ дар шаҳри Деҳлӣ ҷараён гирифта, таҳсил бо забони англисӣ буд ва аз 7 кишвар- Ҳиндустон, Тоҷикистон, Филиппин, Нигерия, Ботсвана ва Қазоқистон 16 нафар намоянда иштирок карданд.
Ҳамзамон, муҳассилин бо фаъолияти терминали боркашонии фурудгоҳи Деҳлӣ шинос шуданд. Бино ба гуфти Манучеҳр Сафаров, риштаи идоракунии терминал дар дасти ширкати туркии «Челебӣ» (Celebi) буда, соле то 600 000 тонна борро (содироту воридот) ҳамлу нақл менамояд. Дар доираи қабули имтиҳон шунавандагон мустақилона оид ба идораи ҳамлу нақл лоиҳаҳои худро пешниҳод карданд. Ба гуфтаи манбаъ, пас аз анҷоми таҳсил ба хатмкунандагон бо нишондоди он, ки мазкур ба ҳайати мутахассисони донандаи қавоиди ҳамлу нақл дар авиатсия шомил гардиданд, аз ҷониби ташкилоти байналхалқии авиатсионӣ (ИКАО) сертификат дода шуд,-афзуд манбаъ.