U-21: Ҳабибуллоев ҳайати бозигаронро интихоб кард
Субҳи чоршанбеи 22 январ ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-21) ҷиҳати ширкат дар мусобиқаи Ҷоми Иттиҳод-2014 ба шаҳри Санкт-Петербург парвоз мекунад. Дар ин бора торнамои Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии мунтахаби ҷавонон исми бозигаронеро, ки дар Ҷоми Иттиҳод-2014 ширкат мекунанд, эълон кард. Ба ҳайати яккачини ҷавонон 20 футболбоз, бо шумули 2 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар ворид шудаанд. Ҳабибуллоев футболбозонро аз дастаҳои “Регар-ТадАЗ” (панҷ нафар), “Истиқлол”, “Энергетик” (сенафарӣ), “Равшан” (2) ва “Хуҷанд”, “Нури Норак”, “Вахш”, “Парвоз”, ССКА “Помир” ва мактаби варзишӣ (якнафарӣ) интихоб кардааст.
Ҷоми Иттиҳод-2014 дар Санкт-Петербург 24 январ шурӯъ гардида, то 2 феврал идома хоҳад кард. Мунтахаби Тоҷикистон дар гуруҳи “А”, 24 январ бо яккачини Эстония вориди рақобат мешавад. 25 январ бо футболбозони қирғиз ва 27 январ бо ҳамсолонашон аз Украина қувваозмоӣ хоҳанд кард.