Маҳкумияти Абдувоҳид, муллои "ҷинбарор", ба 2 солу 6 моҳи зиндон
Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Абдувоҳид Қодиров, як муллои “қасидахон” ё “ҷинбарор” аз ноҳияи Панҷро, барои ду солу шаш моҳ аз озодӣ маҳрум кардааст. Додгоҳ гуфта, ки оқои Қодиров, инчунин, тӯли се сол наметавонад ба тибби хусусӣ машғул шавад.
Ин муллои “ҷинбарор”, ки моҳи ноябри соли гузашта аз тарафи маъмурони пулис боздошт гардида буд, дар қатли Масрури Нуруллои 19-сола, гирифтори бемории руҳӣ, айбдор мешавад. Абдувоҳид Қодиров аз соли 2008 то замони боздошташ ба ҳайси табиби мардумӣ ё муллои қасидахон фаъолият доштааст.
Ба гуфтаи мақомот, Қодиров рӯзи 5 июни соли 2013 ҳангоми дуо хондани Руҳуллоҳи 19-сола ба хотири баровардани ҷинҳо аз бадани бемор бо истифода аз корди худ зери лабу даҳони ӯро бурида ва бо шохаҳо ба тани ӯ задааст, ки дар натиҷа Руҳулло ба ҳолати шоки садамавӣ дучор шуда ба ҳалокат мерасад. Вале худи Қодиров моҳи ноябр дар як наворе ки бозпурсии мақомот аз ӯ буд, гуфт, “ман ба бадани Руҳулло танҳо кордро ҳамин тавр мондаву гирифтам, бадани ӯро набуридам. ”
Дар гузашта кормандони умури дохилии Тоҷикистон Асадулло Иброҳимов, сокини маҳаллаи Лучоби пойтахтро, ки маъруф бо номи “муллои ҷодугар” аст, боздошт ва ба зиндон маҳкум карда буданд. Парвандаи ӯ аслан аз рӯи наворе таҳия шуда, ки Асадулло Иброҳимов дар он бо зане, ки аз ӯ Зулола Раҳимова ном бурда мешавад, амалҳои шаҳвонӣ анҷом медиҳад. Ин навор қаблан тариқи телевизионҳои давлатӣ низ ба намоиш баромад ва дар як вақт ба шабакаи ҷаҳонии Ютюб ҳам роҳ ёфт, ки то ҳоло аз ҷумлаи сербинандатарин наворҳои тоҷикист.