Варзишгари қазоқ баъди ним соли боздошт аз Лондон ба ватан баргашт
Азамат Тенизбоев, варзишгари 18-солаи қазоқ, ки шаш моҳи пеш бо иттиҳоми дастдарозӣ ба номуси як духтар дар Лондон боздошт шуда буд, ба ватан баргаштааст.
Total.kz бо такя ба иттилои Султон Шокбитов, мураббии Тенизбоев навиштааст, ки фардо, 21 январ ӯ дар Остона нишасти хабарӣ доир мекунад.
Шокбитов афзуда, новобаста ба ҳамаи зарбаҳои равонӣ Азамат дар ҳолати хуби ҷисмонӣ қарор дошта ва ҳафтаи равон ба тамринҳо шурӯъ хоҳад кард.
Азамат Тенизбоев 30 июли соли 2013 вақте ҳамроҳ бо ҳайати тими ҷавонони Қазоқистон аз Мексика ба ватан бармегашт, дар фурудгоҳи Лондон боздошт шуд. Яке аз мусофирдухтарон ӯро дар дастдарозӣ ба номусаш муттаҳам кард. Дар нахустин баррасии додгоҳӣ, 23 август, судяҳо исбот карданд, ки Тенизбоев бо далели надонистани забони инглисӣ зери варақае имзо гузоштааст, ки гунаҳкор буданаш навишта шудааст. Баъди ин ӯро бо пардохти шаш ҳазор фунт стерлинг гарав раҳо карданд. Вай чор моҳ дар Лондон қарор дошт, то додгоҳи ҳакамӣ ӯро сафед кард.