Гулнора, билохира, бо падараш Ислом Каримов сӯҳбат кардааст
Гулнора Каримова, духтари бузурги раисиҷумҳури Узбакистон, баъд аз талошҳои зиёд тавонистааст, бо падараш - Ислом Каримов мулоқот кунад. Гулнора тӯли чанд моҳи охир шикоят мекард, ки Кумитаи амнияти миллии Узбакистон ӯро таҳти фишор қарор дода, намегузорад, бо падараш рӯбарӯ шавад.
Духтари раисиҷумҳури Узбакистон рӯзи 18 январ дар саҳифаи Твиттераш навиштааст, ки Ислом Каримов ӯро дар соли нави милодӣ ба ҳузур пазируфта, дар амалӣ гаштани нақшаҳои нави тарроҳияш орзуи муваффақият кард. Бар асоси иттилои торнамои Uznews.net, мулоқоти Каримова бо падараш рӯзи 2 январ баргузор шудааст. Ҳарчанд Каримова аз ҷузъиёти вохӯрӣ бо падараш парда намебардорад, вале қоил аст, ки ин мулоқоти дурударозе буд.
Гуфта мешавад, ин нахустин дидори хонум Каримова бо падараш баъд аз шикотяҳои тӯлонии ӯ ба шумор рафта, онро метавон зинаи аввали раҳоияш аз буҳроне ном бурд, ки тирамоҳи соли гузашта духтари 43-солаи Ислом Каримов аз он азият мекашид. Агарчӣ духтари раисиҷумҳури Узбакистон ин мулоқотро поёни буҳрони гирифторшудааш намедонаду мегӯяд, ҳанӯз ҳам бархе аз ёрони ӯ дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллии Узбакистон ба сар мебаранд. Вале коршиносон мегӯянд, ин ҳама шикоят ва маъракаҳои “ифшогарӣ”-и ӯ як драмаи хонаводагии Каримовҳо буд.
Гулнора Каримова мегӯяд, мақомоти амнияти миллии Узбакистон ба Ислом Каримов маълумот ва иттиҳомоти бардурӯғ алайҳи дӯстону кормандонаш ироа мекунад. Зеро ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд аз мулоқоти Каримова бо падараш тақрибан ду ҳафта мегузарад, вале муносибати Кумитаи амнияти Узбакистон бо ӯ тағйир наёфта, ҳамоно дӯстонаш паси панҷара мебошанд.
Гулнора Каримова духтари калонии Ислом Каримов, президенти Узбакистон аст, ки ӯро дар чанд соли қабл вориси аслии курсии падар медонистанд. Аммо чанд вақти ахир дар мавриди сардӣ миёни ӯ ва падараш сару садоҳои зиёде ҳаст. Ҳатто гуфта шуд, Ислом Каримов Гулнораро задааст. Ҳоло чаҳор шабакаи телевизионии марбут ба ӯ аз фаъолият боз монда, бархе аз ширкатҳои вобаста ба духтари раисиҷумҳури Узбакистон мавриди бозҷӯии мақомоти қудратии узбак қарор гирифтанд. Хонум Каримова ин овозаҳоро таъйид ва ин иқдомро ташаббуси кумитаи амнияти миллии узбакистон номид. Ӯ бо нашри як навори видеоӣ дар саҳифаи Твиттераш кормандони Хадамоти амнияти миллии Узбакистонро бо он муттаҳам карда буд, ки аъзои оилаашонро иҷозаи мулоқот бо падар намедиҳанд.
Дар шарҳи ин навор духтари президент навишта, ки ин кори мақомоти амният бо пуштибонии модараш – Татяна Акбаровна сурат мегирад. Ба қавли Гулнора онҳо ҳақиқатро аз падараш пинҳон мекунанд.