Омодагии "Равшан"-и Кӯлоб барои қувваозмоӣ бо "Ал-Ярмук"-и Яман
Бошгоҳи футболи “Равшан”-и Кӯлоб ба омодагиҳо барои ширкат дар даври плей-оффи Ҷоми АФК-2014 шурӯъ кардааст.
Бино ба иттилои Маъруф Рустамов, сармураббии даста, тамринҳоро рӯзи якшанбеи 19 январ дар Турсунзода оғоз кардаанд. Ин дар ҳолест, ки қабалан иттилоъ дода шуд, бо далели мушкили молӣ клуб наметавонад ба тамринҳо шурӯъ намояд. Гуфта мешуд, футболбозон муддатҳост ҳақмуздашонро нагирифтаанд ва аз ин рӯ эҳтимоли ширкат накардан дар Ҷоми АФК мавҷуд аст.
Бозии “Равшан” ва “Ал-Ярмук” 2 феврал дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад.
Ба қавли Маъруф Рустамов, ҳоло даста дар ҳайати пурра ҷамъ нашудааст. Қарор аст, "Равшан" то замони бозӣ бо "Ал-Ярмук" ду ё се бозии санҷишӣ анҷом бидиҳад. Ба эҳтимоли зиёд рақиби дастаи Кӯлоб дар ин дидорҳо ССКА “Помир”, “Энергетик” ва “Истиқлол” бошанд.