Шукуров гуфт, маҳсулоти эронӣ дар роҳ вайрон мешавад
Раиси агентии “Тоҷикстандарт” мегӯяд, миёни кишварҳои воридкунандаи маҳсулоти ғизоӣ ба Тоҷикистон маҳсулоти пастсифат нисбатан зиёд аз Эрон ворид карда мешавад.
Бахтиёр Шукуров, директори агентии мазкур имрӯз, 20-уми январ зимни нишасти хабарии ин ниҳод дар Душанбе гуфт, аз Эрон соли гузашта 115 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ вориди Тоҷикистон шуд, ки зимни санҷиш ошкор гардид.
Шукуров миёни маҳсулоти пастсифати вориднамудаи Эрон, аз ҷумла афлесун 53 тонна, қаламфур 16 тонна, бодиринг 6 тонна, кивӣ 19 тонна ва дигарҳоро ном бурда, шарҳ дод, ки ин маҳсулот зимни интиқол дар роҳ, аз ҷумла вақте мошинҳо вайрон мешаванд, сифаташон паст мегардад.
Шукуров таъкид намуд, ки бо мақсади ҳимояи бозори истеъмолии кишвар аз воридоти маҳсулоти пастсифат дар корхонаву нуқтаҳои савдо ва бозорҳо тайи соли 2013-юм, 6 ҳазору 107 санҷиш гузаронида шуд, ки дар 2026 ҳолат амрияи ислоҳи камбудиҳо ва дар 974 ҳолат амрияи манъи фурӯш бароварда шуд.
Директори “Тоҷикстандарт” илова намуд, ки соли 2013 барои риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ, истифодаи воситаҳои ченаки корношоям, вориду фурӯши маҳсулоти бесифат ва хатарнок нисбати 23 ҳазору 10 субъекти хоҷагидор ба маблағи 610 ҳазору 860 сомонӣ ҷарима таъин гардида, ба буҷаи давлат ворид шуд.