ҲНИТ: “Марги Тоҷиев пурра ба дӯши мақомоти интизомист”
Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) марги Умедҷон Тоҷиев, узви зиндонии ин ҳизбро, “бемасъулиятӣ, саҳлангорӣ ва дур аз ахлоқу инсоф будани кормандон ва масъулини интизомӣ” донистааст. Оқои Тоҷиев, ки 30 октябри соли гузашта дар Исфара барои “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” боздошт шуда, аммо пас аз ду рӯз худро аз ошёнаи севуми бинои пулиси Исфара ба зер афканда буд, 19 январ дар бемористони боздоштгоҳи Хуҷанд ҷон додааст. Вай ҳамагӣ чанд рӯз қабл аз СИЗО ба бемористон интиқол ёфта буд.
Дар баёнияи ҲНИТ, ки баъд аз зӯҳри 20 январ интишор шуд, омадааст, “ҳарчанд аз тарафи вакилони дифоъ ва пайвандони Тоҷиев ба мақомот барои хуб набудани вазъи саломатӣ ва сиҳатии номбурда чандин нома ва аризаҳо ҷиҳати интиқоли ӯ ба беморхона пешниҳод гардид, вале мутаассифона ин муроҷиатҳо аз тарафи мақомот нодида гирифта шуд. Метавон ба ин натиҷа расид, ки масъулияти марги Умедҷон Тоҷиев пурра бар дӯши мақомот интизомӣ мебошад.”
Дар идома, Шӯрои сиёсии ҲНИТ амали мақомотро маҳкум намуда, аз Додситонии кулл талаб намудааст, дар мавриди таҳқиқи сабабҳои марги Тоҷиев як кумисюни босалоҳият бо шумули намояндагони ҲНИТ ва вакилони дифои марҳум таъсис диҳад ва қазияро ҷиддан баррасӣ намояд. “Шахсоне, ки сабаби марги Тоҷиев шудаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд”,-таъкид шудааст дар баёния.