Ба хоксупории Умедҷон Тоҷиев баъд аз намози ҷанозааш дар "Ҳазрати Шоҳ"
Ҷасади Умедҷон Тоҷиев, узви зиндонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки рӯзи 19 январ дар бемористони СИЗО-и Хуҷанд даргузашт, баъд аз зӯҳри 20 январ дар зодгоҳаш Чоркӯҳ ба хок супорида шуд. Наздикону дӯстон ва сокинони Чоркӯҳ намози ҷанозаи ӯро асри рӯзи душанбе дар масҷиди “Ҳазрати Шоҳ”-и Чоркӯҳ гузоштанд.
Вакили мудофеъ Файзиннисо Воҳидова мегӯяд, ҳоло сабаби марги Тоҷиев дақиқ нашуда, вале умедворанд, ки мақомот ин ҳамаро рӯшан карда, қонунӣ барояшон хоҳанд гуфт. “Коршиносон ҷасадро дидаанд ва мо мунтазири хулосаи онҳо хоҳем монд”,-гуфт Воҳидова. Вай афзуд, “мо тӯли ду моҳ талаб кардем, ки Тоҷиев барои табобат ба беморхона бурда шавад. Ба мо гӯш накарданд. Имрӯз мутмаинам, ӯ дар пайи шиканҷае, ки дар шуъбаи умури дохилии Исфара шудааст, ба марг расид. Зеро вай аз қисмати ҷигараш сахт шикоят дошт, вале боре ҳам ӯро барои табобат набурданд”.
АЗ БОЙГОНӢ: СӮҲБАТИ МОДАРИ ТОҶИЕВ:
Умедҷон Тоҷиев, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ахиран намояндаи додситонии Исфара ӯро барои ҳамкорӣ бо Ҷунбиши исломии Узбакистон муттаҳам кард, 30 октябри 2013 аз сӯи маъмурони пулис ба ҷурми “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” боздошт шуда буд. Аммо рӯзи 2 ноябр ӯ бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфт ва мақомот дар шарҳи ин ҳодиса гуфтанд, ки Умедҷон Тоҷиев худро аз ошёнаи севуми бинои Идораи пулис ба зер афканда, талош кардааст, аз боздошт фирор кунад.
Аммо Юсуф Дониёров, вакили мудофеи Умедҷон Тоҷиев, рӯзи 13 ноябри соли гузашта баъд аз дидор бо нафари таҳти ҳимояташ гуфта буд, Тоҷиев дар пайи шиканҷаи маъмурони пулиси Исфара маҷбур шудааст, худро аз ошёнаи севум ба зер партояд. “Тоҷиев дар тӯли чиҳил дақиқаи сӯҳбат, ки мо доштем, борҳо такрор кард, ки ӯро заданд. Тӯли чанд шабонарӯз дар Шӯъбаи умури дохилии Исфара истинтоқ намуданд. Аъзои бадани ӯро бо латтаи тар печонда, аз болояш нерӯи барқро пайваст кардаанд, то изи он дар баданаш намонад”,-таъкид карда буд вакили мудофеъ Юсуф Дониёров.
Ҳоло Зуҳур Иброҳимов, як узви дигари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз Исфара, дар боздошт аст.