Додгоҳ Суннатуллоро барои 7 сол ба кунҷи зиндон фиристод
Додгоҳи олии Тоҷикистон Суннатулло Қутбиддинов, сокини ҷавони ноҳияи Вахшро, 18 январи соли ҷорӣ ба ҳафт соли зиндон маҳкум кардааст.
Мурофиаи Қутбиддинов паси дарҳои баста сурат гирифта, ӯ бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ – иштирок дар созмонҳои ифротгаро, маблағгузории ташкилоти террористӣ ва тақаллуби аснод муттаҳам мешуд. Худи Суннатулло дар додгоҳ иқрор кардааст, ки дар фаъолияти созмонҳои ифротгаро иштирок кардаву дар тақаллуби аснод ҳам даст дорад, вале розӣ нест, ки ӯро барои маблағгузорӣ ба созмонҳои террористӣ муттаҳам мекунанд.
Зафар Қурбонов, вакили мудофеи Суннатулло Қутбиддинов, ба “Озодагон” гуфт, парвандаи нафари таҳти ҳимояташ аз сӯи Кумитаи амнияти миллӣ оғоз шуда, аз тарафи ҳамин ниҳод муҳри махфӣ гирифтааст. Мақомоти амниятӣ гуфтаанд, Қутбиддинов дар Вазиристони Покистон таълим гирифта, дар вилояти Пактикои Афғонистон алайҳи нерӯҳои Амрико ва муттаҳидонаш ҷангидааст. Мақомот Суннатуллоро соли гузашта дар Русия боздошт кардаву баъдан ба кишвар овардаанд. Вакили мудофеъ Зафар Қурбонов мегӯяд, нафари таҳти ҳимояташ аз соли 2010 ба ин сӯ дар Русия дар муҳоҷирати корӣ буд.
Оқои Қурбонов мегӯяд, ҳанӯз хонаводаи Суннатулло Қутбиддинов тасмим нагирифтаанд, ки оё аз болои ин ҳукми Додгоҳи олӣ шикояти кассатсионӣ хоҳанд бурд, ё на. “Дар ҳар сурат, агар онҳо шикоят бурдан хоҳанд, махсусан, аз рӯи иттиҳоми маблағгузорӣ ба созмонҳои террористӣ омодаем, шикоят барем. Ҳоло фурсат дорем, фикр мекунем”,-афзуд ӯ.