Абдулло Давлатов: “Барқ надоранду корҳое мекунанд, ки...”
Мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки ба зудӣ шиносномаҳои муқаррарии сокинон ба ID кортҳо табдил хоҳад шуд. “Озодагон” аз чанд мусоҳиби худ пурсид, далели тағйири шиноснома, аз нигоҳи онҳо, чист: Тиҷорат ё зарурат?
Абдулло ДАВЛАТОВ, раиси Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия:
“Аспро наъл заданд, қурбоққа ҳам по бардоштааст". Шиносномаҳои муқаррариро ба ID корт иваз кардан дар Тоҷикистон ҳамин мақолро мемонад. Дар давлате, ки барқ нест, мардум китоб хонанд, як корҳое мекунанд ки... Ба гумонам, кадоме аз ҳисоби буҷаи давлатӣ дар кадом кишваре сайру роҳат кардаву дидааст, ки онҳо корт доранд ва инҳо ҳам хостаанд замонавӣ шаванд. Ин кортҳо, ки аз 1 март ворид карданиянд дар дунболаш мушкилоти зиёде меоранд.”
Маҳдӣ СОБИР, корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ:
“Тоҷикистон як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонист ва шиносномаҳои нав ба стандартҳои байналмиллалӣ мутобиқ карда шудааст. Нафароне, ки чунин шиноснома доранд, метавонанд ба кишварҳои пасошӯравӣ бе шиносномаи хориҷӣ сафар намоянд. Иттилоъ дар бораи соҳиби шиноснома дар базаи махсус ҳаст ва онро ба компютер гузошта дар дигар кишварҳо мехонанд ва бояд зикр намуд, ки ин шиносномаҳо мувофиқи талаби замон аст.”
Маҳмадалӣ МАҚСАДУЛЛОҲ, сардабири “Чархи гардун”:
“Агар ин ивазшавӣ бори охир бошад, ногузир розиям, дақиқтараш ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон ноилоҷам шиносномаамро иваз намоям. Вале яқинан дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар ҳолати бадалшавии як навъи шиноснома ба дигараш бори панҷум ё шашум аст, ки такрор меёбад. Шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол то ҳоло ду бор шоҳиди иваз шудани суратҳои сиёҳу сафед ба ранга ва ранга ба сиёҳу сафед, биопаспорт шуданд, ки ахиран тақдири воридшавии 700 ҳазор ин намуди шиносномаҳо то охири соли 2013 номаълум боқӣ монд... Аз ин рӯ, ба назарам чунин менамояд, ки бе шак ин ивазшавӣ аввалу охир надорад ва ҳар сардоре, ки дар курсии Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷӣ менишинад, сараввал корро аз низоми ивазсозии шиноснома оғоз менамояд. Биноан, фарзияе аз мадди назар дур намемонад, ки ивазсозии шиноснома як воситаи маблағғундорӣ аз мардуми камбизоати тоҷик аст, ки «зери унвони мутобиқсозӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ» ҷавлон мезанад. Мисли ивазсозии акси шаҳодатномаи ронандагӣ. Вагарна, наход дар вазорат ягон мутахассиси воқеан кордоне набошад, ки ҳамин ҳуҷҷатро ба меъёрҳои байналхалқӣ дар як шакли мукаммал ба якборагӣ мутобиқ созад?”
Шокирҷон ҲАКИМОВ, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ:
“Ҷорӣ намудани шиносномаҳои нав ҳам паҳлуи мусбат ва ҳам манфӣ дорад. Бидуни шубҳа яке аз ҳадафҳои ҳукумат бо ин роҳ ғанитар гардонидани хазинаи давлат аст. Аз таҷриба бармеояд, ки бо роҳандозии чунин шиносномаҳо муносибатҳои коррупсионӣ, ҷиноятҳои хусусияти иқтисодӣ дошта пайдо мешавад, зеро ба ҳар баҳона бо истифода аз ин фурсат аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шахсоне пайдо мешаванд, ки аз шаҳрвандон маблағи иловагӣ мерӯёнанд. Бояд зикр намуд, шакл ва намуди шиносномаи нав хеле қулай, одӣ ва содда буда, дар як ҳуҷҷат, ки аз як саҳифа иборат аст, тамоми маълумот дар бораи шаҳрванди Тоҷикистон ворид карда мешавад ва онро ҳамроҳи худ гардондан низ хеле осон аст. Ба кишварҳое, ки мо дар заминаи шартномаҳо ба тавофуқ расидаем ва бидуни раводид ба онҳо омадурафт дорем, шиносномаҳои нав амалӣ мешаванд ва эътибори қонунӣ пайдо мекунанд, агар ба шартномаҳои қаблӣ ислоҳот ворид кунанд ва ҷониби дигар бидуни ягон эътироз тасвиб кунад.”