Талаботи нави фурудгоҳи Душанбе аз мусофирон
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо пахшия як иттилоия эълон намуд, ки минбаъд барои мусофирон бо худ гирифтани маводи моеъдор, аз ҷумла модаҳои равғандор, гел, аэрозолҳои барои гигиенаи шахсӣ манъ буда, онро қаблан бояд ба бағоҷ супоранд.
Масъулини фурудгоҳи Душанбе ин навгониро ба талаботи Росавиатсия рабт медиҳанд, ки бо мақсади таъмини бехатарии авиатсионӣ дар фурудгоҳҳои Русия барои интиқоли маводи моеъ маҳдудиятҳо ҷорӣ кардааст.
Манбаъ афзуд, бо худ гирифтани доруворие, ки барои нигоҳдошти саломатии мусофир дар вақти парвоз заруранд ва инчунин ғизои кўдакон пас аз санҷиши махсуси кормандони хадамоти амнияти авиатсионии фурудгоҳ иҷозат дода мешаванд.
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо зикри талаботи нав таъкид мекунад, ки эҳтимол минбаъд тафтиши мусофирон вақти нисбатан зиёдтарро мегирад, бинобар ин аз мусофирон хоҳиш кардааст, ки ба фурудгоҳ барвақттар ҳозир шаванд.