Нуъмон Юсупов дар курсии сармураббии "Хуҷанд" нишаст
Нуъмон Юсупов, тренери пешини “Истиқлол”-и Душанбе сармураббии бошгоҳи "Хуҷанд"-и Хуҷанд таъин шудааст.
Нуъмон Юсупов гуфтааст, ки рӯзҳои наздик ба маркази вилояти Суғд рафта, шартҳои қарордодро бо раҳбарияти даста баррасӣ хоҳад кард.
Юсупов қаблан ҳайати ҷавонони клуби “Истиқлол”-ро тамрин медод ва баъдан тренери калони ин бошгоҳ шуд. Ӯ 24 апрели соли 1973 таваллуд шудааст. Дар ҳайати тимҳои “Ситора” (Душанбе) ва “БДА” (Душанбе) бозӣ кардааст. Карераи тренерии худро соли 1999 оғоз мекунад. То соли 2005 дастаи футболи кӯдакони “Алмосӣ”-ро тамрин медод. Солҳои 2006-2007 сармураббии “Ҳосилот» (Данғара), 2009 ССКА “Помир” ва 2010-2011 сармураббии тими “Сабо” (Шаҳринав) буд.