Ҳамла ба тарабхонае дар наздикии сафорати Тоҷикистон
Шоми рӯзи гузашта (17 январ) дар наздикии сафорати Тоҷикистон дар Кобул як тарабхона мавриди ҳамлаи терористӣ қарор гирифтааст. Дар ин бора бахши афғонистонии торнамои Бӣ-Бӣ-Сӣ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар ин макон ҳамчунин сафоратҳои Норвеж ва Канада низ мустақаранд. Ҳамлаи террористӣ дар ҳоле сурат гирифта, ки дохили тарабхона серодам будааст. Дар ҳоли ҳозир аз кушта шудани дасти кам 14 ва захм бардоштани 4 нафар гузориш шудааст. Миёни қурбониён шаҳрвандони хориҷӣ ҳам будаанд.
Манбаи хабар аз нақли як фармондеҳи пулиси Кобул менависад, як маргталаб худро дар назди тарабхона мунфаҷир карда, маъмурони амниятӣ ду нафари дигарро, ки қасди вориди тарабхона шуданро доштанд, аз пой даровардаанд.
Шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, инфиҷор ба ҳадде шадид буд, ки шишаҳои тирезаи биноҳои атроф шикастанд. Масъулияти ин ҳамларо ҳаракати Толибон бар душ гирифтааст.