Оҷонсӣ: “Барқи тоҷик” бе асос мардумро қарздор нишон медиҳад
Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон дар рафти санҷиши сохторҳои собиқ Вазорати энергетика ва саноат ба маблағи 27,4 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор кардааст, ки зиёда аз 60 фоиз ё худ 16,9 миллион сомонии он ба ширкати “Барқи Тоҷик” рост меояд.
Ба иттилои манбаъ, зимни тафтиш муайян шудааст, "Барқи тоҷик” ҳаққи барқро аз мардум ҷамъ карда, вале дар ҳисоботҳояш мардумро барзиёд қарздор нишон медиҳад: “Омўзиш ва таҳлили сабабҳои зиёдшавии қарзи аҳолӣ аз истифодабарии қувваи барқ дар ҶСК «Шабакаи барқии Душанбе» муайян намуд, ки дар асл қарзи муштариёни шаҳри Душанбе ба ҳолатҳои 1 январи соли 2012 маблағи 39,4 млн. сомонӣ ва 1 апрели соли 2013 маблағи 62,9 млн. сомониро ташкил медиҳанд, вале ин қарзҳо дар ҳисоботҳои муҳосибӣ беасос 2-3 баробар зиёд нишон дода шуда, мутаносибан ба маблағи 96,8 млн. сомонӣ ва 120,6 млн. сомонӣ сабт карда шудаанд.”
Ин дар ҳолест, ки қаблан хабарнигори “Озодагон” беасос будани қисме аз қарзҳоро, ки гӯиё мардум дар назди ин ширкат доранд, дар нишасти матбуотии қаблии ин ширкат ба миён гузошт ва далел овард, ки тибқи ҳисобҳои “Барқи тоҷик” ҳар як муштарӣ дар миёни мардуми Тоҷикистон аз барқ ба ҳисоби миёна ҳудуди 400 сомонӣ қарздор аст. Дар ҳоле ки муштариёне, ки миёни мардуми Тоҷикистон аз барқ ҳамин қадар қарз доранд, ангуштшуморанд.
Дар посух Абдулло Ёров, собиқ раиси “Барқи тоҷик” эътироф намуд, на ҳамаи қарзҳо, ки гӯиё мардум дар назди ин ширкат доранд, асосу суроға доранд. Ӯ гуфт, агар суроғаи ҳамаи ин қарзҳоро кобем, муштариёнеро, ки дар маҷмуъ ҳамин қадар қарздор бошанд, намеёбем: “Ин ҳаҷми қарзу ҳисобу китобҳо аз солҳои пешӣ омада, ҳамин тавр рафта истодаанд.” Ин дар ҳолест, ки тибқи гузориши “Барқи тоҷик” аҳолии ҷумҳурӣ ба ҳолати 1-уми марти соли 2013 аз барқ 355,5 млн сомонӣ қарздор мебошанд, ки нисбат ба 1.01 соли 2012 ба маблағи 70,5 млн. сомонӣ зиёд гардидааст.
Дар маҷмуъ ба гузориши "Барқи тоҷик" қарзҳои дебитории корхона ба ҳолати 1 марти соли 2013 маблағи 863,9 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали солҳои 2012-2013 мутаносибан ба маблағи 242,6 млн. сомонӣ ва 91,8 млн. сомонӣ афзоиш ёфта, он асосан аз ҳисоби пардохт нагардидани қувваи барқи истифодашуда аз тарафи Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об, корхонаҳои азими ҷумҳурӣ ва аҳолӣ ба амал омада, сол то сол тамоили зиёдшавӣ дорад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)