Дасти кӯтоҳи додари домоди президент барои ёрӣ ба “Равшан”
Зайнулло Соҳибов, раҳбари тозатаъини корхонаи “Сементи тоҷик”, ки президенти клуби футболи “Равшан”-и Кӯлоб аст, гуфта, ки дар ҳоли ҳозир наметавонад барои ин тим дасти ёрӣ дароз кунад. Маъруф Рустамов, сармураббии “Равшан” рӯзи 17 янвра дар як тамоси телефонӣ бо “Озодагон” гуфт, оқои Соҳибов дар сӯҳбат бо онҳо изҳор доштааст, ҳоло нав ба “Сементи тоҷик” омадаву дар ин ҷо низ камбуду мушкилҳо зиёданд.
“Зайнулло Соҳибов гуфт, ки ҳатман барои “Равшан” кумаки худро хоҳад расонд, вале на ҳоли ҳозир”,-афзуд Рустамов. Дар ҳамин ҳол, Дилшод Шарифов, менеҷери дастаи “Равшан” мегӯяд, онҳо бо Зайнулло Соҳибов дар “Сементи тоҷик” дидор ва дар бораи мушкили дастаашон сӯҳбат кардаанд. Вай афзуд, “айни ҳол дар сарпарастони мо низ мушкилии молӣ дида мешавад. Ман бо президенти клуб вохӯрӣ доштам. Зайнулло Соҳибов бо вазъи кори “Сементи тоҷик” моро шинос кард. Айни ҳол корхона мушкилиҳои фанниву молии зиёд дорад. Аз ин сабаб, ҳоло Соҳибов шароити ба пуррагӣ дастгирӣ кардани дастаро надорад.”
Оқои Шарифов дар идома гуфт, чанд бор ба тоҷирон ва ширкатҳои бузург, ки роҳбаронашон зодаи Хатлонанд, низ муроҷиат кардаанд. “Тақрибан 50 мактуб барои дастгирии дастаи “Равшан” ирсол намудем. Ба мактуби мо танҳо ширкати “Вавилон-Moбайл” ҷавоб гардонд, ки шароити молияш хуб нест ва дархости моро қонеъ карда наметавонад. 47 мактуби мо беҷавоб монд. Аз соҳибкорони маъруфи Кӯлоб, танҳо ҷаноби Наврӯз 20 000 сомонӣ ва Аваз Карибов 10 000 сомонӣ кумак карданд”,-афзуд ӯ.
Менеҷери дастаи “Равшан” гуфт, ҳоло онҳо намехоҳанд номи ашхос ва ширкатҳоеро, ки барои кумак муроҷиат кардаанд, ошкор намоянд: “Ҳар кадоме аз онҳо қудрати сарпарастии дастаҳои футболро доранд, аммо вақте кумаки молӣ хостем, ҷавоби рад доданд”,-гуфт ӯ.
Масъулони тими “Равшан”, қаҳрамони дукаратаи футболи Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 16 январ эълон карданд, ки ба хотири мушкили молӣ доштани даста эҳтимоли лағви вохӯрии он бо “ал-Ярмук”-и Яман барои ҷоми АФК-2014 вуҷуд дорад. Ин дидор дар доираи даври плей-оффи Ҷоми АФК-2014, қарор аст, 2 феврали соли ҷорӣ дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор шавад. Аммо Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, рӯзи 17 январ тайи як нишасти хабарӣ гуфт, ба ҳар қимате набошад, дастаи “Равшан” бо “ал-Ярмук”-и Яман вориди сабқат хоҳад шуд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)