Азми Тағоймуродов барои боло бурдани нархҳои коммуналӣ
Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон, ки ба истиснои Душанбе хизматрасонӣ дар дигар навоҳии Тоҷикистонро ба уҳда дорад, аз ният барои боло бурдани нархи хизматрасониҳо дар кишвар хабар дод.
Алимурод Тағоймуродов, роҳбари кулли “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон” имрӯз, 17-уми январ, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе зарур хонд, ҳаққи хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ дар навоҳӣ боло бурда шавад. Ӯ хизматрасонии оби ошомиданиро дар навоҳии кишвар мисол овард, ки арзиши аслии он 2,2 сомониро ташкил медиҳад: “Аммо мо аз шаҳрвандон дар навоҳии Тоҷикистон ҳамагӣ 80 дирам ҳаққи обро мегирем, ки барзарар аст.”
Тағоймуродов афзуд, ки феълан корхонаи зертобеяш дар ҳаҷми 168 миллион сомонӣ қарздор аст ва барои баргардондани он ҳадди ақал зарур аст, ки нархи хизматрасониҳо аз 20 то 30 дирам боло бурда шаванд.
Ӯ таъкид намуд, ки барои таъмини пурраи мардуми Тоҷикистон бо оби ошомидании тоза 1 миллиарду 700 миллион доллар зарур аст: “Феълан дар кишвар бо оби тоза ҳамагӣ 48,6 дарсад таъминанд.”