Раиси "ЖКХ"-и Тоҷикистон: Писарам дар садамаи маргбор гунаҳкор нест
Алимурод Тағоймуродов, раиси корхонаи “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон” писарашро дар садамаи ахир, ки ду кушта барҷой гузошт, гунаҳкор намеҳисобад.
Тағоймуродов, имрӯз, 17-уми январ, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба садамаи бегоҳи 23-юми ноябри соли 2013, ки дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, дар километри 35-ум дар ҳудуди деҳаи Элок бо иштироки писараш Бахтиёр Тағоймуродов сар зад, дахл карда, гуфт писараш дар ин садама на гунаҳкор балки ҷабрдида аст: “Ин, ки мегӯянд, гӯиё писарам дар ҳолати мастӣ қарор доштааст, дурӯғи маҳз аст, зеро ӯ арақ наменӯшад. Боқӣ писарам 31-сола аст ва агар гунаҳкор бошад, бигзор мақомот ӯро қонунан ба ҷавобгарӣ кашанд.”
Тағоймуродов афзуд, ки писараш феълан дар озодӣ буда, дар беморхона табобат мегирад.
Қаблан Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон хабар дод, ки дар шоҳроҳи Душанбе Кӯлоб ронандаи автомобили «Тайота Ландкрузер», Бахтиёр Тағоймуродов, ки писари Алимурод Тағоймуродов, собиқ раиси ноҳияи Восеъ, муовини раиси Хатлон ва айни ҳол мудири кулли корхонаи «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» мебошад, аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба мошини тамғаи "Мерседес-Бенз", таҳти идораи ронанда Максим Зохови 27-сола бархӯрдааст.
Ба иттилои БДА дар пайи ин бархӯрд, Мерседес ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, бо «Опел Астра» бармехӯрад, ки дар натиҷа ду мусофири мошини "Опел Астра" ба ҳалокат мерасанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)