Тақдири норавшани тоҷики 23-сола дар Иёлоти Муттаҳида
Тақдири Ашӯрмаҳмад Миралиев, шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон, дар Амрико норавшан боқӣ мондааст. Ин ҷавони 23-солаи тоҷик дар робита ба қазияи паноҳандаи чечен Иброҳим Тодашев ҳанӯз моҳи сентябри соли гузашта дар иёлати Флоридаи Амрико боздошт шуда буд. Тодашев дӯсти Темирлан Тсарнаев (чечен), муттаҳам ба бомбгузории моҳи апрели 2013 дар шаҳри Бостони Амрико мебошад, ки зимни бозпурсӣ дар бораи ин қазия аз тарафи кормандони FBI ё Хадамоти Федеролии Таҳқиқоти Амрико кушта шуда буд.
Ин ҳама дар ҳолест, ки Сафорати Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳида аз додани иттилоъ дар бораи Миралиев худдорӣ мекунад. Хабаргузории “Озодагон” тӯли даҳ рӯз ба намояндагии кишвар дар Амрико муроҷиат карда, вале то ҳол посух дарёфт накардааст. Сукути сафорати Тоҷикистон дар Амрико дар ҳолест, ки ба ҷуз аз хабари боздошти ин ҷавони 23-солаи тоҷик, дигар дар бораи вазъу ҳол ва гунаҳкорӣ ё бегуноҳии ӯ иттилои дигаре нест.
Дар лаҳзаҳои аввали боздошти Миралиев, хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс” ба нақл аз мақомоти пулиси иёлати Флорида навишта буд, ҳангоми боздошташ бо ӯ як духтари 19-сола, ки аз ӯ Татяна Груздева ном гирифта мешавад, низ будааст. Пулиси Амрико мегӯяд, ин духтар яке аз дӯстдухтарон ва ҳамхонаҳои Тодашев мебошад, ки баъд аз марги ӯ бо Миралиев дар хонаи паноҳандаи чечен ба сар мебурдаанд.
Дар бомбгузории рӯзи 15 апрели соли гузашта дар шаҳри Бостон ҳангоми дави марафонӣ, 3 нафар кушта ва садҳо тани дигар маҷрӯҳ шуда буданд. Мақомоти амниятии Амрико дар ин ҳодиса ду бародари чечен – Темирлан ва Ҷавҳар Тсарнаевҳоро айбдор карданд. Темирлан дар ҷараёни амалиёти боздошти пулис ба ҳалокат расид. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)