Дархости донишомӯзон аз мақомот барои эътирофи идҳои исломӣ
Як гуруҳ аз донишомӯзони омӯзишгоҳи штати Вирдҷинияи Амрико бо ирсоли номае ба мақомоти давлатӣ, хостори таътил эълон гардидани рӯзҳои иди исломӣ шудаанд.
Дар ин нома, ки муаллифони он, Сумайя Taggart, донишомӯзи синфи 8-и амрикоӣ ва ҳамсабақони ӯ ба шумор мераванд, аз ҷумла омадааст, “Ҳоло замоне расид, ки бояд идҳои исломӣ рӯзи таътил дар тамоми макотиби миёнаи Амрико эълон карда шавад. Зеро муаллимон ва донишомӯзони мусулмон низ дар баробари пайравони дигар адён ин имтиёзро доранд.”
Дар ҳамин ҳол, Иброҳим Хупера, намояндаи Шӯрои муносиботи Амрико бо Ислом низ изҳор доштааст, ки пешниҳоди донишомӯзон аз сӯи аксари сокинони кишвар қобили пазириш аст. Чун ба қавли ӯ, ҳоло дар Амрико шумораи зиёди донишомӯзони мусулмон ба сар мебаранд.
Ташаббускорони эълон шудани идҳои исломӣ ҳамчун рӯзи истироҳат дар Амрико бояд, ҳудуди 100 ҳазор имзо ҷамъоварӣ намоянд, ки то ба имрӯз беш аз 34 ҳазор кас зери ин пешниҳод имзо гузоштааст.
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳоло аз 6 то 8 миллион мусулмон зиндагӣ дорад ва ҳамасола идҳои дини Ислом аз сӯи пайравонаш дар аксари шаҳрҳои ин кишвар таҷлил карда мешавад. Соли 2010 Идораи маорифи умумии Кембриҷ ва Массачусетс расман рӯзҳоеро, ки Иди Фитр ва Қурбон ба онҳо рос меояд, таътил хондаанд. Дари тамоми макотиби штати Ню-Ҷерсии Амрико низ дар ин рӯзҳо баста мебошад.