“Захираи ангишт барои 250 соли дигар басанда аст”
Захоири ангишти Қазоқистон барои беш аз 250 соли дигар басанда аст. Ин нуктаро Асет Магауов, сарвари кулли Ассотсиатсияи “KazEnergy” изҳор доштааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар қаламрави кишвар захираи ангишт ба 34,5 миллиард тонна мерасад, “аммо дар самти пайдо ва коркарди конҳои ангишт фаъолият чандон муассир нест”.
Магауов афзуда, ки Қазоқистон аз рӯи нишондоди истихроҷи ангишт дар ҷаҳон мақоми 10-мро ишғол мекунад.