Князев бовар дорад, баҳси миёни Душанбеву Бишкек сунъист
Александр Князев, коршиноси рус, дар ҳоле қазияи тирпаронии 11 январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро шарҳ медод, гуфт, вазъ миёни ду кишвари ҳамсоя ба таври сунъӣ муташанниҷ карда шудааст. Ба қавли ин коршиноси рус, таниши марзӣ ва ин ихтилоф шояд, базудӣ бартараф шавад. Вале ҳалли пурраи ин мушкил то муддате масъаласоз боқӣ хоҳад монд ва дар гумон аст, ки равобити дӯстонаи ду кишвар ба ин зудӣ барқарор шавад.
Дар мавриди сар задани ин ҳодиса, Князев омилҳои зиёдеро ном мегирад. Аз ҷумла, ба бовари ӯ, мушкилоти иқтисодӣ, ҷанбаъҳои қавмию ҷамъиятӣ ва бетаваҷҷуҳии раҳбарони ду кишвар, ки баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ сари вақт дар фикри ин масъала нашуданд, шояд сбаби аслии танишиҳои марзӣ бошад.
“Аз сӯи дигар, иқдомоти бедор намудани ҳисси ватандӯстии сокинон ва душмантарошии бегонагон, яке аз роҳҳои қадимиие ба шумор меравад, ки диққати мардумро аз мушкилоти дохилӣ дур месозад”,-изҳор дошт Александр Князев.
Тирпаронӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз зуҳри 11 январи соли ҷорӣ рух дода, дар пай аз ду ҷониб ҳашт захмӣ боқӣ гузоштааст. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте гуфта буд, тирпаронӣ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз оғоз ёфта, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷонашон ба онҳо ҷавоб додаанд. Вале ҷониби Қирғизистон ҳамоно барои айбдор кардани марзбонони тоҷик дар ин ҳодиса исрор дошта, ахиран сафири худ дар Дуашнберо низ ба ватан бозхонд. Ин ҳама пофишории Бишкек барои айдоркунии Душанбе дар ҳолест, ки тирпаронии 11 январ миёни марзбонони ду ҷониб на дар хоки Қирғизистон, балки дар қаламрави Тоҷикистон, дар маҳалли Хоҷаи Аълои Исфара, сурат гирифтааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)