“Равшан” дар гирдоби мушкили молӣ ва эҳтимоли лағви бозиаш бо “ал-Ярмук”
Тими “Равшан”, қаҳрамонаи дукаратаи футболи Тоҷикистон мегӯяд, ба хотири мушкили молӣ доштанаш эҳтимоли лағви вохӯрии он бо дастаи машҳури “ал-Ярмук”-и Яман барои ҷоми АФК-2014 вуҷуд дорад.
Дар ҳоле ки то вохӯрии дастаи қаҳрамони дукарати Тоҷикистон бо тими “ал-Ярмук” танҳо 17 рӯз боқӣ мондааст, Дилшод Шарифов, менеҷери даста, мегӯяд, бозигарони тимаш ҳанӯз тамринро шуруъ накардаанд. Чун ба гуфтаи ӯ, ба ин ҳама мушкили молии онҳо монеъ шудааст.
Менеҷери дастаи “Равшан” иброз дошт, ки дар сурати пайдо нашудани сармоя, “ин тим на танҳо аз вохӯрӣ бо дастаи “ал-Ярмук” худдорӣ мекунад, балки дар бозиҳои мусобиқоти Тоҷикистон-2014 низ иштирок нахоҳад кард.” “Ҳоло маоши бозигарон аз соли гузашта пардохт нашудааст. Мо тасмим доштем, аз рӯзи 10 январ тамринро барои вохӯрӣ бо тими яманӣ шуруъ кунем. Вале ба хотири набудани маблағ худдорӣ кардем. Мо ҳатто наметавонем, барои легионерҳои худ аз Гана, чиптаи ҳавопаймо харем, то ба Тоҷикистон оянд”,-таъкид кардааст ӯ.
Дидори “Равшан” ва дастаи “Ал-Ярмук” дар доираи даври плей-оффи Ҷоми АФК-2014, қарор аст, 2 феврали соли ҷорӣ дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор шавад.