Тахору Хонободи Афғонистон аз Тоҷикистон барқ мегирифтаанд
Мақомоти вилояти Тахори Афғонистон мегӯянд, сокинони ин минтақа дар ҳоли ҳозир бо нерӯи барқе таъминанд, ки аз Тоҷикистон содир мешавад. Ҳоҷӣ Муҳаммад Маҳманд, раиси барқи Тахор, гуфтааст, ин нерӯи барқ аз Тоҷикистон бар ивази 32 миллион доллар харидорӣ шудааст.
Ба гуфтаи раиси барқи Тахор, ин маблағро Бонки Осиёӣ пардохт хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти барқи вилояти Қундузи Афғонистон низ иброз доштаанд, ки вулусволии Хонободи ин минтақа низ бо барқи Тоҷикистон таъмин аст. Ба қавли манбаъ, ин нерӯи барқи вулусволии Хонобод низ бар ивази 45 миллион доллар аз кумакпулии Бонки Осиёӣ харидорӣ шудааст.