Истихроҷи ангишт ва истеҳсоли брикет дар Тоҷикистон меафзояд
Дар рӯзҳои наздик барои ангиштканон ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад.
Тибқи иттилои вазорати энергетика ва саноат, то охири соли ҷорӣ аз ҳисоби таҷдид ва васеъкунии корхонаҳои истеҳсолкунандаи ангишт ва ворид намудани техникаҳои корерӣ боз 121 ҷои нави корӣ ташкил мегардад. Гуфта мешавад, корхонаҳои соҳаи ангишт аз аввали соли равон то имрӯз истеҳсолу истихроҷи ангиштро ба 24 ҳазор тонна расонидаанд, ки ин нишондод нисбати нақшаи пешбинишуда 22,6% зиёдтар аст. Аз ҳисоби зиёд кардани истихроҷи ангишт, ворид намудани техникаҳои корерӣ, истеҳсоли брикет ва ба кор даровардани иқтидорҳои нав дар корхонаҳои «Фон-Яғноб» ва ҶШСК «Ангишт» беш аз 40 ҷойи нави корӣ ташкил ёфт.